ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ

Ноябрь 5, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибистиқлол гардидани мамлакат зарурати эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои ба арзишҳои демократӣ вобастаро ба вуҷуд овард. Табиист, ки расидан ба ин ҳадафҳо бе қабули Конститутсияи нав ғайриимкон буд,- чунин изҳор доштааст муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. Дар зер шакли мухтасари онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

-Ин раванд, ки баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Маҳз бо назардошти андешаву пешниҳод, бо шарофати азми қавӣ, нияти нек ва кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия тавонистанд рисолатро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд.

Бо шарофати нуктасанҷиву воқеъбинии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи ин санади муҳим дар муддати бениҳоят кӯтоҳ он натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ бахшид. Дар асоси он Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ ­ Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати мамлакат амалӣ гардиданд. Бегуфтугӯ, ин омил бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ маҳсуб шуда, ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилиро бозгӯйӣ намуд.

Қабули Конститутсия дар баробари омилҳои дигар дар назди давлату миллат вазифаҳои бузурги таърихиро низ пеш гузошт. Муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ ва низоми мақомоти давлатии муосир, таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буд. Рисолати дигар — муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии ҷумҳурӣ ва рушди он ҳамчун давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.

Рамзу ҳикмати иқдоми Пешвои миллат ва моҳияти маърифати ҳуқуқӣ

Вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024, ки идомаи мантиқии иқдоми хирадмандонаву дурандешонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, таълифоту ибрози назар зиёд аст. Вале эътироф бояд кард, ки на дар ҳама маврид моҳияту муҳимияти ин ибтикор ба таври зарурӣ бозгӯӣ мешавад.

Вақте ба шарҳу тавзеҳи ин масъала шуруъ менамоем, пеш аз ҳама, бояд мадди назар дошта бошем, ки ин тадбир идомаи мантиқии иқдоми хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Ҷанбаи дигари муҳиме, ки бояд дар мадди назар дошта бошем, аз ҳуҷҷати бениҳоят муҳиму сарнавиштсоз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маншаъ гирифтани тасмими мавриди назар аст.

Муҳимтар аз ҳама, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардидани чорабиниҳои марбут ба ин иқдом ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мунтазами мақсадноки давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахс мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмуи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.

Агар онро муфассалтар шарҳу тавзеҳ доданӣ шавем, пас месазад ёдовар гардем, ки он аз ду истилоҳ- «маърифат» ва «ҳуқуқ» таркиб ёфтааст. Калимаи маърифат дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба панҷ маъно омада, раванди иҷтимоӣ-таърихии фаъолияти эҷодии одамон арзёбӣ шудааст.

Эътироф бояд кард, ки ин ибора дар баъзе ҳолат бо фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, иттилооти ҳуқуқӣ низ тавъам бозгӯӣ шудааст.

Мафҳуми «ҳуқуқ» қоидаҳои рафтори ба ҳама ҳатмӣ маҳсуб мешавад, ки таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанаш муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Махсусият он аст, ки ҳама қоидаҳои рафтор меъёрҳои ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ давлат ба вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқ таъсир мерасонад ва онҳоро ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё суд маҷбуран иҷро менамояд.

Ҳуқуқэҷодкунӣ. Пешвои миллат дар ин самт низ намунаи ибрат мебошанд

Дар тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» омадааст, ки ин иқдом дар баробари дигар омилҳо ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд. Пӯшида нест, ки баъзеҳо дар бораи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ин то ҷое боиси ба миён омадани андешаҳои нодуруст мегардад.

Ҳуқуқэҷодкунӣ, чунонки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шарҳ дода шудааст, фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ба ибораи дигар, раванди эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оғоз ёфта, минбаъд зинаҳои баррасӣ, қабул, интишор ва қатъи ин санади меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро пурра фаро мегирад.

Пажуҳиши ин масъала собит намуд, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони шуруъ гардидани давлатдориашон ба қабули қонунҳои ҷавобгӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ хосса ва доимӣ мебошад. Ин омил зимни истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ баръало буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки кулли дастовардҳои марбут ба ҳуқуқэҷодкунӣ маҳз аз ин омил маншаъ гирифтаанд. Месазад шарҳу тавзеҳ диҳем, ки ташаббуси қонунгузорӣ марҳилаи нахустину бениҳоят муҳими раванди рӯи кор омадани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб шуда, дар ин раванд талаботи объективии ҳаёти ҷомеа, зарурати танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва ниёзи ҷомеа ба қонун муайян мешавад. Табиист, ки он ҷараёни нисбатан мураккаб буда, сари вақт ва пурра ба назар гирифтани талаботи ҷомеа ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ барои инкишофи минбаъдаи қонунгузорӣ, таъмини назму суботи ҷомеа, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ва давлат, инчунин таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа бениҳоят муҳим аст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ду қонуни ҳаётан муҳими миллӣ- «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд ва аввалин маротиба дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун баргузор гардида буд. Аҳамияти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун дар он зоҳир мешавад, ки тавассути он, аз як тараф, иродаи миллионҳо нафар шаҳрвандон дар матни қонун ифода гардид. Аз тарафи дигар, шаҳрвандон дар муҳокимаи лоиҳаи қонун ва такмили он иштирок намуда, бо ҳамин роҳ масъулияти онҳо дар пешрафти ҷомеа нисбатан баланд шуд.

Шаш рисолат ва се намуду сатҳи маърифати ҳуқуқӣ

Дар бобати сохтори маърифати ҳуқуқӣ тавсиф низ гуногун аст. Дар бобати он ки сохтори маърифати ҳуқуқӣ аз ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ, менталитети ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти қонунии субъектҳо ва илми ҳуқуқшиносӣ таркиб ёфтааст, ҳамфикрам.

Масъалаи дигаре, ки зимни шарҳу тавзеҳи маърифати ҳуқуқӣ то андозае аз мадди назар дур мондааст, рисолати маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Омӯзиши масъала муайян намуд, ки маърифати ҳуқуқӣ шаш рисолат дорад. Якум рисолати танзимкунанда, ки дар таъмини механизми устувору самарабахши рушди низоми ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани тартибот дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси идеалҳо, ақидаҳои прогрессивӣ, анъана ва намунаҳои рафтори тасдиқкардаи маърифати ҳуқуқӣ зоҳир мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ тавассути функсияи танзимӣ самти мусбати фаъолият ва амали шахсро дар ҳолатҳои дорои мазмуни ҳуқуқӣ муайян мекунад, ба рафтори одамон дар ҷомеа таъсир мерасонад ва ба татбиқи донишҳои андӯхта дар бораи воқеияти ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Рисолати маърифатӣ ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногуни ҷомеа ва фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва маънавии рушди озоди шахсият, эҳтироми шаъну эътибори ӯ ва эътирофи арзиши олии ӯ нигаронида шудааст. Он ба ҳамоҳангии манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ мусоидат намуда, ба вуҷуд овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва маънавии фаъолияти умумибашариро таъмин мекунад

Арзишию меъёрӣ рисолати дигари маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи арзишҳо дар ҳуқуқ ва ҳуқуқ ҳамчун арзиши иҷтимоӣ сухан ронем. Функсияи арзишию меъёрӣ ба чунин сифатҳои инфиродии ашхос, ба монанди аъмол, баҳодиҳии танқидии онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёфтааст. Ин ҳолат аксар вақт тавассути муқоисаи вазъияти мушаххаси ҳуқуқӣ имконпазир мегардад.

Рисолати тарбиявии маърифати ҳуқуқӣ ба ташаккули сифатҳои ҳуқуқии шахс, огоҳии комил аз ҳуқуқу уҳдадориҳо, механизми ҳифзи ҳуқуқии онҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар ва тайёр будани шахс ба амали қонунӣ дар дилхоҳ вазъият рабт дорад.

Рисолати коммуникативӣ қодир аст, ки робитаву муоширатро байни инсонҳо тақвият бахшад. Ин рисолат тавассути усулҳои гуногун, аз ҷумла илмӣ ва ҳуқуқӣ (андешаҳои олимон тавассути нашри монография, мақолаҳо ва ғайра), таълимӣ ва ҳуқуқӣ (тавассути муассисаҳои таълимӣ), иттилооти ҳуқуқӣ, ки аз воситаҳои ахбори омма қобили дарёфт аст, амалӣ мешавад.

Пешгӯӣ рисолати шашуми маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, ба таҳлили тамоюлҳои рушди низоми ҳуқуқӣ, муайян намудани воқеият барои ноил шудан ба мақсадҳои маърифати ҳуқуқӣ, дарёфти арзиш, сифат ва хосияти марбут ба масъалаи ҳуқуқӣ равона гардидааст.

Дар ин матлаб месазад аз намудҳои маърифати ҳуқуқӣ -маърифати ҳуқуқии ҷомеа, маърифати ҳуқуқии шахс ва маърифати ҳуқуқии гурӯҳи касбӣ ёдовар шавем. Маърифати ҳуқуқии ҷомеа низоми арзишҳоро, ки инсоният дар соҳаи ҳуқуқ ба даст овардааст ва бо воқеияти ҳуқуқии ин ҷомеа алоқаманд аст (сатҳи шуури ҳуқуқӣ, низоми қонуният ва тартибот, қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ ва ғайра), дар бар мегирад.

Намуди дуюм ба маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таъмини фаъолияти қонунии ӯ вобаста аст. Маърифати ҳуқуқии шахс мавҷуд будани донишҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ — ҳуқуқӣ, табдил додани иттилоот ва донишҳои ҳуқуқии ҷамъшуда ба эътиқоди ҳуқуқӣ ва дар ҳолати нақз шудани ҳуқуқҳо худро ҳифз карда тавонистанро дар мадди назар дорад.

Маърифати ҳуқуқии гурӯҳи касбӣ, ки намуди сеюми маърифати ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад, дониши фарогир ва расмишуда вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дарки дурусти принсипҳои ҳуқуқ, муносибати касбӣ ба қонун ва амалияи татбиқи он, мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ё принсипҳои қонуният амал намудан, дараҷаи баланди дониши ҳуқуқӣ дар фаъолият аз ҷониби ҳуқуқшинос мебошад.

Қонуне, ки ташаккулдиҳандаи маърифати ҳуқуқӣ аст

Санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо назардошти мазмуну моҳият ва муқаррарот қодир аст дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ саҳм гузорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳое дар мадди назаранд, ки бевосита мазмуну моҳият ва зарурати мафҳуми маърифати ҳуқуқиро ифода менамоянд.

Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муҳиму саривақтӣ ва дастоварди арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб мешавад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуда буданд, ки дар онҳо тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар меҳвар қарор доранд. Вале то ҳол қонуни алоҳидае, ки ин масъаларо пурра дар бар гирад, қабул нашудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақолаи хеш бо номи «Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст» вобаста ба масъалаи мавриди назар чунин нигошта буданд: «Раванди сиёсии ҷаҳони муосир дар марҳилаи ҳозира хеле зидду нақиз аст. Агар аз як тараф, баъзе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд арзишҳои сунъии либералиро, ки ба арзишҳои суннатии миллат мувофиқ нестанд, иҷборан таҳмил намоянд, аз ҷониби дигар, баъзе аз кишварҳо мехоҳанд дар ҷомеа андешаву афкори маҳдуди радикалии динӣ ва мазҳабиро ба роҳ монанд, ки ба ормонҳои миллӣ мисли «истиқлолият», «ватандӯстӣ», «адолат», «баробарҳуқуқӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» мувофиқ нестанд».

Дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 сохторҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро мебояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро мавриди омӯзиши амиқтар қарор диҳанд.

Хулосаи ниҳоӣ он аст, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бениҳоят муҳиму саривақтӣ буда, ба мардум талқин бояд кард, ки дар заминаи ин иқдом сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон болотар рафта, тарғиби арзишҳои демократӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид мегардад. Илова бар ин, волоияти ҳуқуқи инсон таъмин, мақоми қонун баландтар гардида, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ маъмултар мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 5, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон