Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 9, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ дорои 25 хона, аз ҷумла 20-то ду ва 5-то як ҳуҷрагӣ мебошад. Мутобиқи лоиҳа дар ҳар як ошёна ҷойи муайяни либосхушккунӣ мавҷуд аст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои зебову замонавӣ дар масоҳати 30 садяк замин қомат афрохта, дар хонаҳои фароху барҳавои он барои зисти хизматчиёни давлатӣ ва оилаашон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва кормандони идораву ташкилоти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дода шуд.

Бинои хуштарҳ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта шуд. Хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор пурра таъмин гардидааст.

Лозим ба таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат нисбат ба хизматчиёни давлатӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин биноҳои истиқоматии хизматӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки дар натиҷа чандин оилаҳо соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисту зиндагонӣ дар ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарони вазорату идора ва муассисаҳое, ки кормандонашон соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, барои фаъолияти содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ин бинои хуштарҳу зебои истиқоматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ номида шуд.

Пешвои миллат ба роҳбарияти вилоят ва масъулини сохторҳои марбутаи сохтмонӣ дастур доданд, ки дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бисозанд, то ки тақсими зиёди замин барои манзилҳои зист кам шавад.
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 09.11.2024

Ноябрь 9, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 180 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд