РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Роғунро беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ тамошо кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2801 сайёҳ зиёд аст. Аз ин шумора 1066 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахш мебошанд, ҷалб месозанд. Обҳои мазкур барои бемориҳои буғумдард, пӯст ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ дошта, ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ дар шаҳр заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Яке аз маконҳои сайёҳии Роғун- Ёнахш мебошад, ки аз маркази шаҳр дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Зимни гардишгарӣ сайёҳон метавонанд аз манзараҳои зебои деҳаҳои Фаррухон ва Ғашён низ дидан намоянд. Мавзеъҳои Гули Сур, Луғур ва Марғзор барои сайёҳии пиёдагардӣ басо ҷолиб мебошанд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи шаҳр гулгашти фароғатии «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб мавқеъ гирифтааст ва он сарсабзу хуррам буда, тамошои он ба кас ҳаловат мебахшад.
Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли 2023 «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» қабул гардид. Барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, дар се марҳила — солҳои 2024-2026, 2027 ва 2028 аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун амалӣ мегардад.
Баҳри татбиқи Барномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тасмим гирифтааст, ки тамоми мавзеъҳои мувофиқ барои сайёҳии табобатӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатиро омӯхта, шароити заруриро барои сайёҳон дар ин минтақаҳо муҳайё намояд.
Дар ҳақиқат, табиати зебою нотакрор, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғҳо, наботот, ҳайвоноти нодир ва обанбори «НБО-и Роғун» ба рушди соҳаи сайёҳи шаҳр мусоидат менамоянд. Роғун дорои кӯҳҳои баланд, 150 чашмаи мусаффо, 11 дарё ва 4 кӯл буда, онҳо ба феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ворид гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун бунёду навсозии зиёда аз 110 иншооти гуногун дар назар аст. Дар нуҳ моҳи соли равон 44 иншоот ба истифода дода шуд. Бунёди иншооти таъиноти гуногун, пеш аз ҳама, ба некуаҳволии мардум ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ нигаронида шудааст.
Итминон дорем, ки бо амалӣ гардидани «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» шаҳри Роғун ба як гўшаи зеботарини Тоҷикистони офтобрўя ва макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил хоҳад ёфт.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд






