Сафири Тоҷикистон бо Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мулоқот намуд

Ноябрь 1, 2024 17:29

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Аликбер Аликберов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мубодилаи таҷриба ва тайёр намудани кадрҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 30 октябр дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ба бузургдошти хотираи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

 

Ноябрь 1, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд