Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд

Ноябрь 27, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар доираи он 26 ноябр дастаҳои машҳури ҳунарии Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар барномаи консертӣ беҳтарин намунаҳои санъати рақсию овозхонии халқӣ ва касбии Беларус ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамчунин меҳмонон ва ҳунармандонӣ беларусӣ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» шинос шуданд.

Дар боғи зимистонаи «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов ба меҳмонон бо сурудҳои тоҷикию беларусӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобили судманди фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баргузор мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 27, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд