Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандон: «Ҳангоми муомилот бо пули нақд эҳтиёткор бошед!»

Ноябрь 15, 2024 16:29

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун бобати дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти гуногун  ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди мамлакат ба назар расида, мавриди таваҷҷуҳ ва вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон изҳор доштанд, таъмини устувории низоми бонкии давлат ва тақвияти эътимоди мардум ба пули миллӣ яке аз вазифаҳои бонкҳои марказӣ маҳсуб мешавад. Аммо бо вуҷуди талошу кӯшишҳои пайваста, ки барои таъмини суботи молиявӣ анҷом дода мешаванд, яке аз масъалаҳои доғи низоми молиявӣ барориш ва гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот мебошад.

Имрӯзҳо баъзе ашхос ё гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз техникаи нусхабардории ранга бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогоҳро фиреб диҳанд.

Бонки миллӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусияти визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.

Барои пешгирии ин ҳолат муҳим аст шаҳрвандон бидонанд, ки зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ — сомонӣ диққат дода шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати пули миллии мамлакатро аз ҳама гуна хатарҳои қалбакӣ муҳофизат намояд. Бо ин мақсад пулҳои коғазӣ бо истифода аз равандҳои муосир ва маводи химиявии полимерӣ омода карда мешаванд. Ба ин пулҳо унсурҳои махсуси лазерӣ, рангҳои тағйирёбанда ва ҳифзкунанда дохил мешаванд, ки шинохти онҳо хеле осон аст.

Бояд гуфт, ки тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад.

Мубориза бо пулҳои қалбакӣ ва пешгирӣ аз истифодаи онҳо на танҳо вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон, балки масъулияти ҳама шаҳрвандон низ мебошад. Бинобар ин, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми муомилот бо пули нақд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба нишонаҳои муҳофизатии пулҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.

Тавре дар Бонки миллӣ иттилоъ доданд, дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслашон шубҳанок ба наздиктарин сохтори Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ё кормандони ин мақомот бояд хабар дода шавад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2024 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи сеюм ва ниҳоии барномаи PCI-ро дар Тоҷикистон муваффақона анҷом дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.9020 то 10.9600 сомонӣ муқаррар шудааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2441 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад