190 мактаби шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрели соли 2025 190 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар Озмоиши низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамояд. Бо ин мақсад имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши «Дурнамои таҳқиқоти асосии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA 2025)» баргузор шуд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои PISA маротибаи аввал буда, ба қонеъ гардидани ниёзҳои афзояндаи давлатҳо барои ҷустуҷӯ ва истифодаи намунаҳои муваффақтарин ва муассиртарини сиёсат ва стратегияҳо дар соҳаи маориф равона шудааст.
Давлатҳои гуногун бо иштирок дар пажуҳишҳои ин барнома ба ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонии низоми таҳсил табдил меёбанд, ки дорои имконияти муқоисаи натиҷаҳо ва омӯзиши таҷрибаҳои ҳамдигар мебошанд.
Барнома аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) амалӣ шуда, ҳадафи он баҳодиҳӣ ба низоми таҳсил мебошад.



Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иброз дошт, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсил дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, ки дар “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баён шудааст, иқдоми хубу саривақтӣ ва натиҷаовар мебошад.
Таъкид шуд, ки мақсад аз иштирок дар ин барнома на танҳо арзёбии дониши азхудкарда, инчунин арзёбии салоҳият (малакаю маҳорату қобилият)-и истифодаи дониш дар шароити наву гуногун ва дар ҳолатҳои воқеӣ мавриди андозагирию арзёбӣ қарор гирифтани он мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки барномаи PISA таҳқиқоти мониторингӣ буда, имкон медиҳад мо дар муқоиса бо низоми таҳсили давлатҳои гуногун самаранокии қарорҳои стратегии дар соҳаи маориф қабулшударо аарзёбӣ кунем. Инчунин барои минбаъд қабул намудани қарорҳои асоснок ва баланд бардоштани сифати таҳсил дар мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС)
АКС: АМИТ «Ховар»
_______
P.S. Натиҷаҳои PISA сифати воқеии таҳсил, дастовардҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ва омилҳои ба он таъсиррасонро нишон дода, имкон фароҳам меоранд, ки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф аз давлатҳои дигар таҷриба омӯхта, дар асоси далелҳо сифати таҳсилро баланд бардоранд.













Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид






