60 варзишгари беҳтарини вилояти Суғд барои дастовардҳо дар соли 2024 қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2024 ба 60 варзишгари вилоят стипендияи Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми аз 1200 то 3600 сомонӣ супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни супоридани туҳфаҳо иброз гардид, ки дар мамлакат ба рушди варзиш, фароҳам овардани шароити арзандаи тамрин ва дастгирии варзишгарон аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат таваҷҷуҳи хосса равона карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди варзиш якчанд қарор ва барномаҳоро амалӣ менамояд. Ҳамасола зиёд гаштани шумораи варзишгарон ва ҳунарнамоии муваффақонаи онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз пешрафти ин соҳа дар вилоят дарак медиҳад.
Натиҷаи чунин дастгириҳо аст, ки соли равон варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавию байналмилалӣ ба гирифтани 1 ҳазору 320 медали тилло, 1 ҳазору 250 медали нуқра ва 1 ҳазору 530 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 иншооти варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо мавриди истифода қарор дода шуданд. Имрӯзҳо бунёди садҳо иншооти дигар бовусъат идома дорад.
Бо шарофати мавҷуд будани иншооти хурду бузурги варзишии ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ имсол дар вилоят чандин мусобиқаҳо ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо фарогирии беҳтарин варзишгарон аз хориҷи дуру наздик баргузор карда шуданд.
Ҳамчунин барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи варзиш, тарбияи шогирдон ва муаррифии шоистаи мамлакат дар мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ 60 нафар беҳтарин варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






