Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд

Декабрь 3, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар Ҷопон вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, ҷонибҳо оид ба иштироки фаъолонаи Агентии илм ва технология дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии таҳқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор), ки ба ҳалли мушкилоти рушди устувор тавассути таҳқиқоти муштарак мусоидат мекунад, суҳбат намуданд.

Иброз гардид, ки агентӣ мубодилаи академиро байни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо барои муҳаққиқони тоҷик ва омӯзиши олимони ҷавон дар соҳаҳои муҳандисӣ, экология, биотехнология ва идоракунии захираҳои табиӣ дастгирӣ менамояд.

Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «мо ният дорем минбаъд ҳамкориро бо агентӣ барои интиқоли технологияҳои инноватсионӣ тақвият диҳем. Дар ин самт мо умедворем, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) ба интиқоли технологияҳои Ҷопон ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мусоидат менамояд».

Зарур шуморида шуд, ки мутахассисон ва олимон лоиҳаҳои якҷоя вобаста ба мутобиқ намудани технологияи ҷопониро ба шароити маҳал, масалан дар соҳаи сейсмология ва гидроэнергетика татбиқ намоянд.

Пешниҳод гардид, ки бо Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳияи системаҳои мониторинги заминларза ва огоҳии бармаҳал, инчунин ба мутахассисони тоҷик омӯзонидани усулҳои баҳодиҳии хатарҳо ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ  карда шавад.

Бояд гуфт, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) яке аз созмонҳои асосии Ҷопон буда, ба таҳқиқоти илмӣ, рушди технологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад. Агентӣ тавассути дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад. Агентӣ таҳияи технологияҳои идоракунии самараноки захираҳои об, аз ҷумла обёрӣ ва пешгирии вайроншавии қабатҳои хокро амалӣ менамояд. Дар доираи лоиҳаи тағйирёбии иқлим ва экология агентӣ дар мавриди таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳо ва системаҳои оби Осиёи Марказӣ, ки барои минтақа аҳамияти калидӣ доранд, пажуҳиш мебарад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 3, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияи Кӯшониён доир мегардад