Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад

Декабрь 11, 2024 16:47

ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва ташкили намоишҳои муваққатии ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср зимни вохӯрии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва директори Осорхонаи миллии тамаддуни Миср Тайиб Аббос мавриди муҳокима қарор гирифтанд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ хабар медиҳад.

Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии тамаддуни Мисро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки дар доираи ин созишнома масоили муҳимми соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муваққатӣ, тармиму барқарорсозии осори таърихӣ, ташкили даврҳои бозомӯзии кормандони осорхонаҳои ҳарду давлат ва дигар самтҳои фаъолияти осорхонаҳо баррасӣ мешаванд.

АКС: «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад