Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд

Декабрь 15, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 15.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд. Чунин тасмим зимни баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хаабар медиҳад.

Номгузории Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол ба хотири арҷ гузоштан ва поси хотири Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва иштирокчии даҳҳо фестивалҳои минтақавию байналмилалӣ устод Давлатманд Хол мебошад.

Давлатманд Хол дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, давоми умри бобаракат оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуд. Ӯ мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшид, шогирдони зиёдеро дар ҷодаи санъат ба воя расонида, аз хеш номи неку ҳунари воло ба мерос гузошт.

Устод Давлатманди Хол дар рушди ҳунари хунёгарӣ, оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва умуман фарҳанги миллии тоҷик саҳми арзишманд ва бориз гузоштааст. Мавсуф барои ҷаҳонишавии жанри фалак заҳмати бунёдӣ кашида, дар тарғиби он саҳми сазовор гузоштааст, зеро аз нухбагони ҳунари мардумии овозхонӣ ва оҳангсозӣ пазируфта шуда буд.

Мавсуф дар тарғибу ташвиқи каломи ҳунарии манзуми оламгири миллати тоҷик хизмати мондагор анҷом додааст. Илова бар он, ҳунарвар соҳибмактаби ин ҷода буд. Ҳамчунин маҳз бо саъй ва талошҳои пайвастаи Давлатманд Хол мактаби жанри фалаксароии миллӣ на танҳо дар минтақа, балки берун аз он шуҳрати хосса касб намуд. Маҳз тавассути заҳматҳои шабонарӯзии ин симои ҳунарӣ зумрае аз шогирдони ӯ рӯйи кор омаданд, ки ҳар кадоме аз онҳо ҳоло дар мактаби фалаксароии миллӣ соҳибэътибор мебошанд. Ӯ борҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса, Амрико, Голландия, Англия, Ҳиндустон, Покистон бо ҳунари фалаксароияш толорро ба ваҷд оварда, номи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардошта буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 15, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад