Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-фарҳангӣ доир шуд

Декабрь 6, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз ба неруи созандаю бунёдкор ва масъулиятшинос табдил ёфтааст. Чунин изҳор дошт ректори  Донишкадаи давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангии «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -мактаби ваҳдатофару фарҳангсози Пешвои миллат», иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир аъзои ҳизбро зарур аст, ки фаъолияташонро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи мамлакат ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруф мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият менамояд, ки беш аз 279 нафар аъзои ҳизбро дар худ муттаҳид намудааст. Зарурати таъсиси он маҳз ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, амалӣ сохтани ормонҳои миллии ҳар фарди тоҷик мебошад.

Котиби ташкилоти ибтидоии «Оламафрӯз»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зафари Шариф изҳор намуд, ки омӯзиши мактаби сиёсии Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар самти татбиқи рукнҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мунтазам ҳамоишҳо доир намуда, чораҳои мушаххасро амалӣ намоем ва асосҳои ин мактабро дар байни ҷомеа тарғиб намоем.

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси кор қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад.  Ин кор бояд ҳамеша вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб дониста шавад», — гуфт ӯ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд