Дар Ашқобод ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Туркманистон таъкид гардид

Декабрь 12, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Ашқобод муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Иқдоми муштарак барои таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва рушди устувор» иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конфронс дар арафаи Рӯзи бетарафии Туркманистон баргузор гардида, ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод бахшида шуд.

Намояндаи Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатро аз ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Туркманистон, ки ба таҳкими сулҳу субот, муколама ва рушди устувор мусоидат мекунанд, таъкид намуд.

Муовини вазир ҳамчунин ба вазъи кунунӣ ва рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бо қарори сарони давлатҳо ба сатҳи шарикии амиқи стратегӣ бардошта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард