Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш муосиртарин дастовардҳои техникию инноватсионии соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба намоиш гузошта шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба Истиқлоли давлатӣ ва саҳми ҷавонон барои расидан ба дастовардҳои назаррас дар ин давраи таърихӣ ибрози андеша намуд. Таъкид шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои низомӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад.
Дар ҳамоиш маърузачиён доир ба дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, пешгирии ҳамроҳшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар мавзуъҳои мубрам сухан гуфтанд. Аз ҳозирин даъват шуд, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва якпорчагии Ватан дар пешрафту шукуфоӣ, ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд ва ифтихори наслҳои оянда бошанд.
Дар фарҷом барои меҳнати софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси корӣ як зумра кормандони ҷавони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






