Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 декабр дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2024 доир мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои мавсими гузашта аз рӯи 13 номинатсия супорида мешаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи худ рӯйхати номзадҳоро аз рӯи ҳар номинатсия нашр кардааст. Аз ҷумла, барои ҷоизаи «Беҳтарин бозингари соли 2024» Евгений Гритсенко, дарвозабони дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Бахтиёр Қаландаров, бозингари дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода довталаб мебошанд.
Барои ҷоизаи «Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ» Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Шамсиддин Қосимов, сармураббии Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе ва Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода довталаб ҳастанд.
Танҳо дар як номинатсия – «Беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ» ғолиб маълум аст. Ин ҷоиза ба ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар мусобиқоти имсола 17 гол задааст, супорида мешавад. Вай давоми фаъолият бори панҷум беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон гардид.
Рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти соли 2024:
Беҳтарин бозингари Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум:
Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»)
Шоҳин Боев («Моҳир»)
Хайриддин Турахонов («Ҳулбук»)
Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум:
Ҷурахон Мирзоев («Ҳулбук»)
Алишер Полвонов («Парвоз»)
Сиёвуш Боев («Моҳир»)
Беҳтарин бозингари Чемпионатии Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ:
Муҳаммад Назриев («Истиқлол»)
Акмал Раҳимов («Регар-ТадАЗ»)
Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ:
Рустам Қурбонов («Истиқлол»)
Ҷамшед Баротов (КМВА)
Зафарҷон Ҳотамов («Эсхата»)
Беҳтарин довар:
Амирҷон Хоркашев (Душанбе)
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
Насрулло Кабиров (Норак)
Беҳтарин дарвозаб:
Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд»)
Шоҳрухҷон Эшбутаев (КМВА)
Евгений Гритсенко («Равшан»)
Беҳтарин ҳимоятгар:
Комрони Мирзохон (КМВА)
Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»)
Холмурод Назаров («Равшан»)
Беҳтарин нимҳимоятгар:
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Равшан»)
Нозим Бобоҷонов («Хуҷанд»)
Беҳтарин ҳамлагар:
Деян Тумбас («Хуҷанд»)
Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»)
Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»)
Беҳтарин легионер, ки дар Чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад:
Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»)
Деян Тумбас («Хуҷанд»)
Сергей Яворский («Вахш»)
Беҳтарин мураббӣ:
Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)
Шамсиддин Қосимов (КМВА)
Зайниддин Раҳимов («Регар-ТадАЗ»)
Беҳтарин бозингари сол:
Евгений Гритсенко («Равшан»)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»)
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






