Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Пешгирии никоҳи бармаҳал ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон — омили рушди босуботи ҷомеаи солим» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Оид ба ин масъала Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки оила дар ҳама давру замон барои ташаккулёбии ҷомеа ва рушди фарҳангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравии ҷомеа оилаҳои солиму устувор ба шумор мераванд.
«Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди оила, инчунин ташаккул ва устувории оилаҳои ҷавон диққати махсус зоҳир менамоянд. Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои солимгардонии оилаҳои тоҷик санад ва қарорҳои махсус ба имзо расонидаанд, ки бо шарофати онҳо сатҳи устувории оилаҳо баланд шуда, барои хушбахтию пойдории онҳо заминаи воқеии бунёдию ҳуқуқӣ гузошта мешавад»,-изҳор дошт Мавсума Муинӣ.
Дар мамлакат соли 2015 Соли оила эълон гардида буд, ки ҳадаф аз он баррасии масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дар маҷмуъ, ташаккули насли солим, оилаи солим ва ҷомеаи солим ба ҳисоб мерафт.
Бунёди оила ҳавою ҳавас набуда, ба синни никоҳӣ расидани ҷавонон маънои онро надорад, ки барои бунёди оилаи устувору солим комилан тайёр мебошанд. Дарки масъулият дар ин масъала яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини оилаҳои кунунӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки аҳли ҷомеа ва бахусус вакилонро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои алоқаманди давлатию ҷамъиятӣ ва шарикони ҳамкор дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии никоҳи бармаҳал ва вайроншавии оилаҳо, бахусус соҳибкасб намудани духтарони ҷавон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин бо назардошти манфиатҳои миллиамон дар такмили қонунгузории миллӣ саҳм гузоранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






