Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
РАШТ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт бинои китобхона ва дар деҳаи Яшми Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бинои бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Ҳамчунин ба муносибати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолону собиқадорони ҳизб аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 30 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррас анҷом додааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеяҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар ҷомеа мавқеъ пайдо намудааст. Самтҳои стратегии сиёсати давлат, ки дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифода ёфтаанд, ба таҳкими сулҳу субот ва саодати мардуми тоҷик нигаронида шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






