Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид

Декабрь 2, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо вобаста ба  тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули худшиносии ҷавонон дар ҷомеа дар партави асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавсеаи доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои  Варзоб, Рӯдакӣ,  Шаҳринав ва дигар масъалаҳо 28 ноябр дар ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули тафаккури ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дошта, метавонанд аз мағзшӯйӣ, бегонапарастӣ ва фиребкории равонӣ аз ҷониби душманони миллат ҳушдор диҳанд. Аз ҷумла, баргузории ҷаласа ҷавононро водор мекунад, ки аз мактаби бузурги ватандӯстии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар шаванд, ба хурофотпарастӣ дода нашаванд ва дар ободию шукуфоии ватанамон саҳм гузоранд.

Таъкид шуд, ки мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат дурнамое аст, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, ба тақвияти ватанпарастию давлатдорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст.

Асари «Забони миллат-ҳастии миллат» аз он дарак медиҳад, ки зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзуъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудааст. Дар «Чеҳраҳои мондагор» ва дигар асарҳои таърихии Сарвари давлат бузургтарин шахсиятҳои миллӣ бо таҳлил ва арзёбии хизматҳои онҳо барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон қадршиносӣ карда шудаанд.

Асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Дин ва ҷомеа» ва «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки ба хатарҳои фаромӯшӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона дода нашаванд ва таърих бояд ҳамчун такягоҳ барои худшиносӣ ва худогоҳӣ истифода шавад.

Пешниҳод гардид, ки ҳама асарҳои Сарвари давлат дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоат ва деҳаҳо дар гӯшаи алоҳида ҷамъоварӣ шаванд. Ҳамзамон дар сомонаи алоҳидаи электронӣ ҷойгир ва дар шакли аудиоӣ сабт карда шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда шаванд, то ба ҷавонон ва аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои иртиботию иттилоотӣ дастрас гарданд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ