Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳама имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз» мунтазам тадбир меандешад.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
«Инчунин як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидори мавҷудаи энергетикии мамлакат соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегардад.
Дар баробари ин соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






