Huawei — бозкушои боби нави консепсияи ULTIMATE DESIGN

Декабрь 18, 2024 15:11

ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябри соли 2024 консепсияи нави ULTIMATE DESIGN дар шаҳри Шэнҷен ба маъраз гузошта шуд. Консепсияи ULTIMATE DESIGN бо баргузории чорабинии хоси мусиқӣ ва намоишҳои ҷолибу таъсирбахш намоиш дода шуд. Аҳли санъату ҳунар дар якҷоягӣ ба иштирокдорон консепсияи нави ширкати Huawei –ро барои расидан ба қуллаҳои нав дар рушди технология ва навовариҳои инноватсионӣ нишон доданд.

Huawei тавассути консепсияи «Dream it Possible» на танҳо эътиқод ба самаранокии технологӣ, балки ба таври роҳат омода сохтани навовариҳои ҷадид ва дастовардҳои техникиро барои ҷомеа бо хусусияти эстетикии ҳаётии корбарон намоиш медиҳад. Ҳамаи пешрафт ва дастовардҳои инноватсионии ширкат тавассути боварӣ ба муваффақияти худ имконпазир шудаанд.

Ричард Юй, директори иҷроия, раиси Шурои директорони CONSUMER BG ва раиси шурои директорони бахши Intelligent Automotive Solution Huawei дар ин чорабинӣ иброз намуд, ки «мо ҳамеша дар пайи навоварӣ ҳастем. Маҳз ба шарофати ин мо тавонистем, ки аввалин смартфони секаратаи HUAWEI MATE XT Ultimate design-ро ба бозор барорем».

Тарҳи муосир ва инноватсионӣ

Ширкати Huawei бо ин тарҳи нави телефон пешсафиро дар дизайни дастгоҳ идома медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки ба мизоҷон маҳсулоти беназир ва мувофиқ ба завқ пешниҳод кунад. Смартфони HUAWEI MATE XT Ultimate design тарҳи симметрии барҷастаро аз дастгоҳҳои қаблии ULTIMATE DESIGN мерос мегирад. Сатҳи дурахшони дастгоҳ бо истифода аз раванди мураккаби мавҷи синусҳо сохта шудааст ва ҳар гардиши он ба дастгоҳ намуди тозашуда ва шинохташаванда медиҳад.


Технологияҳои инноватсионӣ: коркардҳои пешрафта ва таҳқиқот

Бояд гуфт, ки фаъолияти Huawei ҳамеша ба навовариҳои технологӣ нигаронида шудааст. Ба корбарон тавассути сармоягузории пайваста ба рушд ва таҳқиқот таҷрибаи пешқадам ва дастгоҳҳои баландсифатро фароҳам меорад. Смартфони нав бо системаи инноватсионии технологияи баланд ва механизмҳои гардиш бо ду роҳнамо муҷаҳҳаз аст.

Тавассути он дастгоҳ метавонад ба дохил ва берун пӯшида шавад. Сохти нави смартфон аз ширкати Huawei гардиши ултра – сабук дошта, бо дақиқии оптималӣ танзим карда шудааст ва ба таври ҳайратангез ҳамвор кардани экранҳои смартфонро таъмин мекунад.


Экрани имерсивӣ HUAWEI MATE XT Ultimate design хеле мустаҳкам сохта шуда, қодир аст ба самтҳои гуногун ҳамвор шавад ва ҳангоми ба дарун ва берун пӯшидан тобовар мебошад.

Таҷрибаи инноватсионӣ: Имконияти тааҷҷубовар

HUAWEI MATE XT Ultimate design таҷрибаи смартфонро аз нав муайян мекунад ва ба шумо имкон медиҳад, ки ба реҷаҳои сершумори экран– ягона, дугона ва сегона гузаред. Дар қолаби пурра кушодашуда — экрани калон таъсири фурӯравии пурраро ба мундариҷаи чандрасонавии дидашаванда эҷод мекунад ва ҷустуҷӯйи зуди ҳама гуна маълумоти заруриро таъмин мекунад.

Дар реҷаи ду экран ҷо ба ҷо шуда, смартфон барои хондани мақолаҳо ва почтаи электронӣ беҳтарин аст. Ҳолати экрани ягона корбар имкон дорад,то ба як вазифа – занг задан ё аксбардорӣ таваҷҷуҳ кунад.


Аксбардориҳои инноватсионӣ: лаҳзаҳои зебои ҳаётро сабт кунед

Huawei дар соҳаи инноватсияи аксбардории мобилӣ пешсаф аст. Дар дохили Huawei mate XT Ultimate design имконияти пурқуввати коркарди тасвири мобилии HUAWEI XMAGE мавҷуд аст. Диафрагмаи 10-дараҷаи танзимшавандаи ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки дар лаҳзаҳои гуногуни наворбардорӣ кадрҳои аҷиб эҷод карда шаванд. Аз кӯҳҳои дур то ҳашароти хурди гул- аксҳо ифодакунанда ва ҷолибанд. Инчунин тавассути камераҳои Huawei mate XT Ultimate design объектҳои хурду зудҳаракат хеле наздику равшан сабт карда мешаванд.

Бо парадигмаи нави дастгоҳҳои мобилӣ, ки дар Huawei MATE XT ultimate design амалӣ карда мешавад, кор самараноктар ва вақтхушӣ шавқовартар мешавад. HUAWEI MATE XT Ultimate design аввалин смартфони секарата дар бозор буда, имконияти дастгоҳҳои пӯшидаро васеъ мекунад. Ширкати Huawei ҳеҷ гоҳ дар як ҷой намемонад ва бренди баландсифат эҷод карда, технологияҳои пешрафта, тарроҳии аҷиб ва таҷрибаи истифодаи олиро пешниҳод мекунад.

Декабрь 18, 2024 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад