Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ

Декабрь 26, 2024 11:20

ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Huawei пешсафи бозори ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

  1. Таҳқиқоти IDC: Huawei дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ҷаҳон мавқеи якумро аз рӯи ҳаҷми фурӯши дастгоҳҳои ҳамроҳи пӯшида ишғол кард

Мувофиқи гузориши ширкати таҳлилии IDC, Huawei дар семоҳаи аввали соли 2024 аз рӯи ҳаҷми интиқоли байналмилалии дастгоҳҳои пӯшида мавқеи якумро ишғол кард. Ин мавқеи баланди ширкат дар рейтинг бори дигар собит менамояд, ки Huawei пешсафи соҳа буда, маҳсулоти бо технологияи баланд, дизайни замонавӣ ва имконияти васеи мониторинги саломатӣ ва машқҳои варзишӣ пешниҳод мекунад. Инчунин мавқеи пешбари ширкат аз навовариҳо ва саъю кӯшишҳои ширкат дар рушди соҳаи дастгоҳҳои пӯшида дарак медиҳад.

Toп5 ширкати истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои ҳамроҳ (носимых устройств ) аз рӯи ҳаҷми фурӯш, ҳиссаи бозор ва афзоиши солона дар асоси маълумоти семоҳаи соли 2024 (шумораи фурӯш дар миллионҳо ҳисоб карда мешавад)
Ширкат Миқдори фурӯш (1-3 семоҳаи соли 2024) Ҳиссаи бозор (1-3 семоҳаи соли 2024) Миқдори фурӯш (1-3 семоҳаи соли 2023) Ҳиссаи бозор (1-3 моҳаи соли 2023) Афзоиши солона
1. Huawei 23,6 16,9% 16,3 11,6% 44,3%
2. Apple 22,5 16,2% 25,8 18,4% -12,8%
3. Xiaomi 20,5 14,7% 16,2 11,5% 26,5%
4. Samsung 11,5 8,3% 9,3 6,6% 24,3%
5. BBK 7,8 5,6% 6,2 4,4% 25,9%
Дигар ширкатҳо 53,2 38,2% 66,7 47,5% -20,3%
Ҳамагӣ 139,0 100,0% 140,5 100,0% -1,0%
Манбаъ: Ҳисоботи IDC дарбораи таҳвили ҷаҳонии дастгоҳҳои ҳамроҳ дар семоҳаи 3-юми соли 2024


Huawei — пешсаф дар бозори ҷаҳонии дастгоҳҳои пӯшида

Дар гузориши IDC инчунин гуфта шудааст, ки бо вуҷуди коҳиши ҳаҷми интиқоли соатҳои дастӣ ва тасмаҳо дар соли 2024, ки дар байни ширкатҳо дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад, афзоиши солонаи фурӯш барои истеҳсолкунандагони чинӣ 20,1%-ро ташкил дод.

Аз байни онҳо Huawei ба афзоиши назарраси интиқоли байналмилалии худ бо 44,3% фарқ мекунад. Ин ширкат бо ишғоли 16,9% бозори ҷаҳонӣ ва 35,7% бозори дохилӣ дар ҷои якум қарор дорад. Ин муваффақияти бузург мавқеи устувори ширкат дар бозор ва таҷрибаи фаровони онро дар таҳияи дастгоҳҳои пӯшида собит менамояд.

Дастгоҳҳои асосии пӯшида, ки дар соли 2024 ба фурӯш баромаданд

Соли равон Huawei хати маҳсулоти худро ба таври назаррас васеъ намуда, навовариҳои ҷолибе, ба монанди HUAWEI WATCH FIT 3, HUAWEI WATCH GT 5 ва HUAWEI WATCH D2 пешниҳод кард.

Соатҳои HUAWEI WATCH D2 имконияти мониторинги фишори хунро[1] дар сатҳи таҷҳизоти тиббӣ таъмин мекунанд, дар ҳоле ки HUAWEI WATCH FIT 3 ҳамчун воситаи мониторинги мукаммали саломатӣ бо функсияҳои муфиду муносиб, ба монанди пайгирии калорияҳо ва таҳлили ғизо пешниҳод мешавад.

Соатҳои HUAWEI WATCH GT 5, ки бо системаи нави HUAWEI TruSense ва имконияти пешрафтаи варзишӣ муҷаҳҳаз шудаанд, истифодабарандагонро дар саросари ҷаҳон мафтун карда, баҳои баландро аз нашрияҳои маъруф, аз қабили WAREABLE ва ANDROID AUTHORITY гирифтанд.

Дастгоҳҳои Huawei назари беназирро ба он ки дастгоҳҳои пӯшидаи оянда чӣ гуна бояд бошанд, пешниҳод мекунанд ва стандартҳои нави соҳаи дастгоҳҳои пӯшида мегузоранд. Ба шарофати онҳо, корбарон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон ба функсияҳои навтарини пайгирии саломатӣ дастрасӣ пайдо карда, дараҷаи ҳаёти худро ба сатҳи нав мебардоранд.

Қавигардонии бренд тавассути воситаҳои нави пешбарӣ

Huawei муваффақ гардид, ки эътимоди корбаронро дар Аврупо, Амрико, минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, Африқо ва Ховари Миёна ба даст орад. Қавигардонии мавқеи бренд тавассути мутобиқшавӣ ба хусусияти бозорҳои маҳаллӣ ва стратегияи фарогири маркетингӣ имконпазир гардид.

Масалан, интихоби ғолиби медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ Мо Фара ва фитнес-блогери машҳур Памела Райф ҳамчун сафирони дастгоҳҳои пӯшидаи HUAWEI қарор гирифт. Онҳо инчунин дар муаррифии асосии дастгоҳҳои нав дар Дубай, Барселона ва Бразилия иштирок намуданд. Ин иқдом робита бо мизоҷонро қавитар намуда, таваҷҷуҳи бештарро ба дастгоҳҳои ширкат ҷалб кард.


Чорабиниҳои «Оташ гирондани ҳалқаҳои фаъолият» ва «Технологияҳо барои ғамхорӣ» низ дар муаррифии дастгоҳҳои пӯшидаи Huawei ҳамчун ёварони шахсӣ бо функсияҳои бойи нигоҳдории шакли оптималии ҷисмонӣ кумак карданд.

Ин тадбирҳо Huawei-ро ҳамчун роҳнамои соҳаи дастгоҳҳои пӯшида муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб карданд ва хоҳиши ширкат барои пешниҳоди гаджетҳои босифатро нишон доданд.

АКС: Ширкати Huawei

 

[1] Дастгоҳи мазкур барои истифодаи тиббӣ пешбинӣ нашудааст. Натиҷаҳо хусусияти маълумотӣ дошта, набояд ҳамчун асос барои ташхис ё табобати тиббӣ истифода шаванд.

Декабрь 26, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад
Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид