Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд

Декабрь 20, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи аэронавигатсия коршиносони ширкати «ELIF TRADING CO. LIMITED»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷикаэронавигатсия» омада, бо фаъолияти  ин корхона шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд.

Коршиносони чинӣ бо нуқтаҳои кории танзимгарӣ ва иштироки бевосита дар иҷрои парвозҳо, ҳисоб намудани иқтидори интиқоли бахшҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, тарҳрезии фазои ҳавоӣ, миқдори роҳҳои ҳавоӣ ва хусусияти онҳо, хусусияти иҷрои муқаррароти парвозҳо, муқаррароти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, хусусияти бо масофа ҷудо намудани ҳавопаймоҳо ва хусусияти ҳамкорӣ бо хадамоти фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Инҳо омилҳои асосии муайянкунандаи қобилияти хизматрасонии шумораи муайяни ҳавопаймоҳо дар як соат аз ҷониби танзимгарон мебошанд.

Барои пурра ва дуруст амалӣ намудани нақшаи тасдиқгардида гуфтушунидҳои ҷудогона вобаста ба дақиқ намудани баъзе ҳолатҳои истеҳсолоти парвозҳо ва усули муайян намудани таваққуфгоҳҳои ҳавопаймоҳо бо шахси масъули фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин бо сардорони маркази танзими аэродромии филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар ва танзимгари калони филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуданд.

Барои дақиқ намудани иқтидори интиқоли фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, муайян ва дар ҳолати зарурӣ зиёд намудани тавоноии бахшҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар корхона, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо дар  Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»

Декабрь 20, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд