Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед иброз намуд, ки пешгирии коррупсия дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа давоми солҳои охир дар мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ мешаванд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби масъулин оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъсири минбаъдаи онҳо дар рушди мамлакат, муқовимат ба коррупсия, принсипҳои он, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда, чораҳои пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарӣ барои амалҳои коррупсионӣ (интизомӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки барои иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2024» ва «Нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2024» тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор доранд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






