Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Russian judo tour соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 декабр дар Федератсияи Русия мусобиқаи Russian judo tour баргузор гардид, ки дар он шаш паҳлавони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг дар ин мусобиқа соҳиби медали тилло гардид. Хотиррасон менамоем, ки дар рӯзи якуми мусобиқаи «Russian Judo Tour» Эмомалӣ Нуралӣ бо мағлуб кардани Бетал Чегемов аз Русия, Ербол Аббасбеков аз Қирғизистон, Дилшодбек Баротов аз Узбекистан ба финал баромад. Дар финали мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ бар Муҳриддин Тиловов аз Узбекистан ғолиб омада, соҳиби медали тилло шуд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи «Russian Judo Tour» паҳлавони тоҷик Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кг ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, бо мағлуб кардани Адам Сангариев аз Русия ва Игор Долганов аз Русия ба финал баромад. Дар финал Кароматулло Ҳакимов аз Денис Коротаев аз Русия шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарони дигари тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг бо ҳарифшонашон рақобат карда, пас аз як ё ду пирӯзӣ аз дигар варзишгарон мағлуб гардида, мусобиқаи «Russian Judo Tour»-ро бе медал анҷом доданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






