Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-ноябри соли равон дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф бо 10 745 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхонаи иловагӣ бо 9365 ҷойи нишаст, 7 толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят дар 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 гимназия, 28 литсей, 1 мактаби президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат 578 310 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Дар вилоят нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад ва шумораи хонандагон 7714 нафар зиёд шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






