Ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва низоми молиявӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муаммоҳои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва низоми молиявӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода дар бораи нақши рақамикунонӣ, махсусан рақамикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва маҷмааи агросаноатии мамлакат ибрози назар намуда, аҳамияти чунин конфронси илмию амалиро барои таҳким бахшидани ин самт, яъне рақамикунонӣ ва ҳалли муаммоҳои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ ва низоми молиявӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва маҷмааи агросаноатии мамлакат мусбат арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкон додааст, ки низоми ҳуқуқӣ ва меъёрии соҳаҳо, махсусан соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат — кишоварзиро ба он мутобиқ намоем.
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода доир ба аҳамияти низоми дурусти идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар ин соҳаи муҳим, дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа сухан гуфт.
Дар конфронс оид ба муҳимияти рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин вобаста ба масоили мубрами ташкили дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ибрози назар карда шуд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур










Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






