Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд

Декабрь 27, 2024 09:10

РАШТ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 429 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Рашт расониданд.  Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Туҳфаҳои идона аз сару либоси зимистона, шиму костюм, пойафзол ва шириниҳои болаззат  иборат буда, онҳоро намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимон тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, онҳо таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 апрели соли 2005 таъкид дошта буданд, ки «ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони ҷанг муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоӣ намегузорам».

Ин аст, ки шахсони эҳтиёҷманд ва ятимон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Имрӯз тақдими туҳфаҳо ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин гурӯҳ тибқи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат дар арафаи ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Тарбиятгирандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт Наргис Қаноатова иброз дошт, ки «ман дар ин даргоҳи илму маърифат ба ҳайси ятими кулл зиндагӣ менамоям. Дар ин ҷо барои мо, ятимон беҳтарин шароити зиндагӣ ва  таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст,  ки мо аз он истифода менамоем. Ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳо изҳори сипос менамоем. Ваъда медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо рафтору кирдори намунавӣ пайрави Пешвои миллат  буданамонро дар амал исбот менамоем».

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2024 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад