ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар айни замон бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ва сокинони ҷамоати Ғозиён дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок беш аз 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.
Барои беҳдошти муҳити зист, аз ҷумла шинонидани ниҳолҳо ва сабзазоркунӣ дар дигар ҷамоату мавзеъҳои ноҳия ҳашарҳо пешбинӣ гардидаанд.
Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдом гирифтаанд, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободонию хуррамгардонии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
Ин иқдом дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилоят идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






