Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оё шумо боре ҳангоми парвоз тавассути ҳавопаймо мушоҳида намудаед, ки гӯшти мурғ, биринҷ ва ҳатто кулчақанд бо равған таъми аҷибе доранду гӯшт сахт ва бемазза менамояд? Ва ё шарбати себ нӯшидаед, ки турш мебошад?
Мусофирони ба ҳайрат афтода пайваста чунин суоли мантиқӣ медиҳанд: Чаро ғизои ҳавопаймо аз маъмулӣ бемазза аст? Оё воқеан ба ошпазҳои бетаҷриба иҷозати пухтупаз медиҳанд ё ширкати ҳавопаймоӣ барои муштариёнаш ошпазҳои бетаҷриба киро менамояд?
Барои посух ба ин суолҳо якчанд сабабҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ки чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас аз ғизои маъмулии замин хеле тафовут дорад.
Тибқи хулосаи таҳқиқоти гузаронидаи мутахассисон, ин ҳолат ба нотавонии ошпаз дар омода намудани таоми болаззат ва сабабҳои иқтисодии ширкати ҳавопаймоӣ комилан иртибот надорад.
Таҳқиқоти олимон нишон медиҳад, ки ҳисси бӯй ва таъм ҳангоми дар баландии беш аз 10 ҳазор метр қарор доштан тағйир меёбад. Дарки сифатҳои асосии таъми ғизо – шӯрӣ ва ширинӣ тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфта, мусофирон эҳсос мекунанд, ки ғизои пешниҳодшуда бемазза аст.
Чунин дарки аҷиби таъми ғизо бозгӯи он аст, ки бадан ба намии пасти ҳаво ва фишори пасти атмосферӣ дучор мешавад. Дар дохили ҳавопаймо амалан намӣ нест (баъзан камтар аз 12 фоиз) ва шахс худро дар биёбон эҳсос менамояд. Дар чунин муҳит таъми маза ва ҳисси бӯй каме дигар шуда, бо бештар баланд шудани ҳавопаймо дар фазо тамъи хӯрок ва нӯшокӣ белаззат менамояд.
Ҳамзамон натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки садои ҳавопаймо низ ба таъм таъсир расонида, ҳисси шӯрӣ ва шириниро хеле паст менамояд. Пас аз фуруд омадан ба замин истеъмоли хӯрокҳои дар ҳавопаймо пешниҳодгардида нишон медиҳад, ки таъми онҳо комилан муқаррарӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






