Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин агентӣ.
Дар ҳамоиш ғасби заминҳои ҳифзшавандаи ҳудуди ёдгориҳо, рақамикунонии ёдгориҳои таърихӣ, азнавбақайдгирии ёдгориҳо, пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 бо усул ва меъёрҳои замони муосир ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Директори Агентӣ вобаста ба азхудкунии ғайриқонунии заминҳои ҳифзшавандаи ҳудуди ёдгориҳо сухан гуфта, аз сар задани чунин қонуншиканиҳо изҳори нигаронӣ кард. Ҳамзамон ба масъулин ва кормандони Агентӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин изҳор доштанд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад».
Вобаста ба ин Агентӣ тасмим гирифтааст, ки тамоми ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ, монументалӣ ва табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ ба талаботи замони муосир аз оғози соли равон азнавбақайдгирӣ, феҳристнигорӣ ва рақамикунонӣ намояд.
Мавҷудияти ёдгориҳои фаровони таърихӣ дар мамлакат далели он аст, ки миллати тоҷик дорои таъриху тамаддун ва гузаштаи пурғановат мебошад. Агентӣ барои гузаронидани ковишҳо ва таҳқиқоти бостоншиносӣ бобати боз ҳам бештар шинохтани таърихи гузаштагони хеш дар арсаи байналмилалӣ бо назардошти меъёрҳо, усулҳо ва стандартҳои пазируфташуда бо муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024 ин масъалаҳо ба салоҳияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд.
Минбаъд барои гузаронидани ковишҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон бо риояи талаботи муайяншуда танҳо аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба дархостдиҳандагон иҷозатнома дода мешавад. Дарёфткунандагони иҷозатнома пас аз анҷоми ковишҳои бостоншиносӣ бо назардошти меъёрҳо, усулҳо ва стандартҳои пазируфташуда ҳисобот пешкаш менамоянд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






