Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба рушди соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид

Январь 10, 2025 11:57

ДУШАНБЕ, 10.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 январ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Рушди соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.

Дар конфронси илмӣ  иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба мардуми мамлакат пешниҳод мегардад. Имсол дар ин дастури муҳим ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Паём – роҳнамои ҷавонон ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон» маъруза карда шуд. Зимни он иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ эътимодашонро ба насли ҷавон баён дошта, маҳз ба ҷавонон муроҷиат намуданд, то илму дониш омӯхта, дар оянда идораи давлатро ба даст гиранд ва барои рушду пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.

Зимни ҳамоиши илмӣ дар мавзуъҳои «Самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Паёми саодатбахшу маърифатомӯз» маърузаҳо шунида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2024 дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Январь 10, 2025 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд