Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад

Январь 27, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин ҷашн кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии  мамлакат асбоби кори кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш  мегузоранд. Дар ин рӯз ҳамзамон намоиш-фурӯши ниҳол доир мешавад.

Ҷашни Сада тибқи «Ҷадвали баргузории солгард, фестивали намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 гузаронида мешавад.

Дар ҷашни Сада олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон  роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.

 АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид