Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 200 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ тибқи нақша беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, хоҷагии ёрирасон бо мақсади парвариши ниҳолҳои гуногуне, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошанд, ташкил шуда, масоҳати умумияш 5 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, дар ин минтақа беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақа мусоидат мекунад.
27 январ зимни иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар маъракаи ниҳолшинонии хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия таъкид гардид, ки сабзазоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Шинонидани ниҳолҳо на танҳо барои беҳбуди муҳити зист, балки беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ низ нақши муҳим дорад. Ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонида диққати махсус диҳанд.
Дар ниҳолшинонӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ин маърака на танҳо ниҳолшинонӣ, балки тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист ва ҷалби бештари мардум ба сабзкорӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






