Дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 100 нафар ба таълим фаро гирифта шуд

Январь 28, 2025 17:43

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази таълимии касбомӯзӣ фаъолият мекунад, ки дар он 100 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба хабарнигорон.

Ин марказ дар шаҳри Норак фаъолият дошта, 20 нафарро бо кор таъмин намудааст. Дар маркази касбомӯзӣ аз рӯйи касбу ҳунарҳои «Дӯзандагӣ», «Қаннондӣ», «Ошпазӣ», «Қолинбофӣ», «Ороиши мӯю рӯй», «Омӯзиши кор дар компютер», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Барқчӣ» мутахассисон омода карда мешаванд.

«Соҳибкасб намудани шаҳрвандони мамлакат дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад»,-иброз дошт ректори донишгоҳ.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот  бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид доштанд, ки «…ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳама аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона намуда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».

Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Тибқи ин қарор, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод намоянд.

Тавре ректори донишгоҳ иброз дошт, тақвият додани фаъолияти марказ таҷрибаи муфид дар самти касбомӯзии ҷавонону занон буда, ҳамчун заминаи мусоид ба касбомӯзӣ арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи истифодаи донишҳои азхудкарда дар раванди фаъолият имконияти таъминот бо ҷойи кори доимӣ дар корхонаҳои ватании истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2025 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кадрҳои соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазир омода карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мутахассисони баландихтисосу забондон омода менамояд
Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон таъсис мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 31 донишҷӯи Академияи идоракунии давлатӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат фиристода шуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар шаҳри Панҷакент 4 бинои нави мактаб ва 1 кӯдакистон сохта мешавад
Дар ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони хурди касбӣ таъсис меёбад
Рӯзи байналмилалии маориф дар соли 2025 ба мушкилоти зеҳни сунъӣ бахшида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши овози ҳар интихобкунанда дар интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ҷалб шуданд
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» таъсис ёфт