Дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 19, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  муҳимтарин ҳуҷҷат барои рушди ҷумҳурӣ ва таъмини субот дар ҷомеа арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ин санад барои ҳар шаҳрванди мамлакат зарурати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо мардум барои иҷрои нақшаҳои давлатӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат тақозо мекунад.

Ҳозирин даъват шуданд, ки ба ислоҳи камбудиҳо, иҷрои қонунҳо ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои давлатӣ диққати аввалиндараҷа дода, бо пайгирии ҷиддии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва амалишавии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар рушди иқтисод, тартиботи ҷамъиятӣ ва устувории амният саҳм гузоранд.

Дар ҳамоиш паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби масъулини мақомоти ноҳия мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Судяи Суди ноҳияи Мастчоҳ Муҳсин Убайдзода дар бораи аҳамияти адолат ва нақши суд дар иҷрои қарору ҳукмҳо баромад намуда, сокинони ноҳияро даъват намуд, ки дар ҳама ҳолат ба қонун ва равандҳои ҳуқуқӣ эҳтиром гузоранд. Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки таъмини забономӯзии хонандагон ва кумак ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия бояд аз диққати волидайн дур набошад.

Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми сокинон- намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқию бебаҳс ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Январь 19, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад