Дар ҳошияи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Женева ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон тарғиб карда мешаванд

Январь 23, 2025 09:56

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Женеваи  Швейтсария баргузор гардид, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарони созмонҳои Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ва Конвенсияи Ромсар оид ба ботлоқзор мулоқоти дуҷониба анҷом дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Баҳодур Шерализода зимни мулоқот  бо Директори  Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ хонум Паола Албрито, Котиби генералии Конвенсияи Ромсар оид ба ботлоқзор доктор Мусонда Мумба  ва Директори минтақавии Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид Арнолд Крейлхубер оид ба муҳимтарин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифзи пиряхҳо маълумот дод.

Инчунин раиси Кумита оид ба омодагии Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки  аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мешавад, маълумот дода, ҳайатҳои кишварҳои иштироккунандаро ба ин чорабинии муҳим даъват намуд.

Ин вохӯриҳо қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим буда, нишони пешсафии глобалии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва об  мебошанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2025 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна гандум ворид карда шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун кишти картошка идома дорад
Кишоварзони шаҳри Ҳисор ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд
Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд