Дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегиранд

Январь 26, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва вусъатбахшии корҳои ободонию  созандагӣ дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз бо ҳузури  роҳбарияти вилояти Суғд баррасӣ шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯзро чун иди баҳор ва эҳёи табиат дар бисёр кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон ҷашн мегиранд.

Бо назардошти аҳамият ва мақоми иди аҷдодӣ ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ гардида, чорабинию ҳамоишҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Ба аъзои кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз барои таҳия, тасдиқ ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо, корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррам намудани муҳити зист, ташкили сайру гашт ва барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо, насби шиору овезаҳо ва омода сохтани иншооти ҷашнӣ супориш дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 26, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Душанбе ҳамоиши идонаи «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» баргузор гардид
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад