«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд

Январь 29, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ  «Ховар»/. Дар мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент ҷашни Сада  бо иштироки доираи  васеи кишоварзон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, намоиши дастранҷи деҳқонон, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти ҳунармандон, рақсу суруд, барафрӯхтани оташ, ки рамзи ин иди бостонӣ аст, таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Иброз гардид, ки эҳёи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, ба мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва даҳҳои дигар дар замони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон далели равшани ба асолату рисолати таърихӣ бозгаштани миллати мо аст. Аксари ин ҷашнҳо, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷассуми хирад, фарҳангу маданият ва симои маънавии мардуми тоҷик мебошанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «аз ин ҷашнҳои бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангию адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».

Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ, мардум бо афрӯхтани оташ   фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд, ба кишту кор ва ба ҷашни Наврӯз омодагӣ медиданд.

Ниёгони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил менамуданд. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшанӣ ва башорати ҷашни эҳёи табиат- Наврӯз низ ҳаст. Ин рамзҳо аз аҳди бостон ҳамчун ҷузъи асосии ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии ниёгони мо пазируфта шудаанд.

Дар ҷашнгоҳи Сада аз кишоварзон даъват шуд, ки корҳои омодагиро ба мавсими кишт вусъат дода, аз ҳоло ба ниҳолшинонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва ободии маҳали зист машғул шаванд, дар иҷрои нақшаи созандагию бунёдкориҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.

Дар анҷоми ҷашн ба як гурӯҳ кишоварзони фаъол, ки дар рӯёнидани ҳосили фаровон ба дастовардҳо ноил шудаанд, Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 29, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат