Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков – IZhO-2025 7 медал ба даст оварданд

Январь 21, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков – IZhO-2025  2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиада аз 13 то 17 январ байни 15 давлат – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Туркия, Булғористон, Туркманистон, Руминия, Беларус, Сербия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон ва Муғулистон дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 700 хонанда баргузор гардид. Дар ин олимпиада Тоҷикистонро 4 даста бо фарогирии 28 хонанда намояндагӣ кард.

Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз рӯйи фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ маротибаи 21-ум аст, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази илмӣ-амалии «Дорин» ва Мактаби ҷумҳуриявии физика ва математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Дар он маҷмуи саволҳо аз ҷониби ҳакамони сатҳи ҷаҳонӣ тартиб дода шуда, малакаҳои назариявӣ ва амалии хонандагон санҷида мешавад. Иштирокдорон бо сертификати иштирок ва туҳфаҳои хотиравӣ, ғолибон бо дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Январь 21, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд