ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?

Январь 3, 2025 10:54

ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 таъкид гардид, ки «аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».

Мо бо кадом роҳҳо ба истиқлолияти энергетикӣ расида метавонем? Дар посух ба ин савол масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ дар айни замон сохтмони иқтидори нави энергетикӣ, аз қабили агрегатҳои навбатии Неругоҳи барқи обии «Роғун», Неругоҳи барқи обии «Себзор» (бо тавоноии 11 мегаватт, ки иқтидори энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро 25 фоиз зиёд менамояд) ва таҷдиди пурраи неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд» идома дорад.

Инчунин дар робита ба ин бо таҷдиду навсозии се агрегати дигар дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум», як агрегати дигар дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» иқтидори мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегардад. Ҳамзамон  соли 2025 сохтмони Неругоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд (бо иқтидори 200 мегаватт) оғоз меёбад. Баъди пурра таҷдид гардидани неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд» иқтидори энергетикии мамлакат  аз ин ҳисоб 378 МВт зиёд мегардад.

Як нуктаи дигарро бояд махсусан иброз дошт, ки бо ба 1175 метр расонидани баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ин ҳисоб самаранокии фаъолияти силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш боз ҳам бештар мегардад. Барои боз ҳам пеш бурдани принсипи иқтисоди «сабз» дар соҳаи гидроэнергетика ва амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»», татбиқи лоиҳаҳо ва чорабиниҳо дар самти истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, неруи офтоб ва шамол дар назар гирифта шудааст. Дар назар аст, ки иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1500 МВт расонида шавад. Як қисми он то соли 2027 ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар айни замон иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ  22 миллиард кВт-соатро ташкил дода, соли 2027 тибқи дурнамо 8 миллиард кВт-соат зиёд шуда, ба 30 миллиард кВт-соат баробар хоҳад гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими дигар- кам намудани талафоти неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар мамлакат 17,2 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид. Бо назардошти ҳаҷми неруи барқи қабулшуда иҷрои уҳдадориҳои таҳвилӣ, содиротӣ ва воридотӣ, талафоти неруи барқ дар системаи энергетикӣ ба 3,3 миллиард кВт-соат расид ё 19,4 фоизро ташкил дод. Яъне, панҷяки неруи барқи истеҳсолгардида талаф меёбад.

Масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, дар ин самт таъмини чорабиниҳо тавассути татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунанда ба манфиати кор дониста мешавад.

Дар ин замина бо мақсади кам намудани талафоти неруи барқ якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара» ё «Барномаи рушди соҳаи энергетика», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар) ва «Кам намудани талафоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» татбиқ мешаванд.

То соли 2027 бояд 100 фоизи муштариён бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ фаро гирифта шаванд. Татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт имкон медиҳад, ки неруи барқи талафёбанда ба неруи барқи фоидаовар табдил дода шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2025 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд