Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси авруосиёии занон-ихтироъкорон ва соҳибкорони технологӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббуси Идораи патентии Авруосиёӣ таҳти унвони «Занон ва моликияти зеҳнӣ. Технологияҳои рушди бемаҳдуд» Конфронси II авруосиёии занон-ихтироъкорон ва соҳибкорони технологӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд, дар Конфронси II авруосиёии занон-ихтироъкорон ва соҳибкорони технологӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон занони ихтироъкор Зумрат Ғайбуллоева ва Зарина Яминзода иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиш занони ихтироъкор ва соҳибкорони технологӣ аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории Конфронси II авруосиёии занон-ихтироъкорон ва соҳибкорони технологӣ ҷамъ овардани заноне буд, ки дар минтақа дар рушди илм, технология ва соҳибкорӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
АКС: Маркази миллии патенту иттилоот








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






