Намояндаи Тоҷикистон дар вохӯрии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи 77 ва Чин таҳти раисии Ҷумҳурии Ироқ баргузор гардид, ки дар он мушовири Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҳотам Қурбонзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар ин созмон.
Намояндаи Тоҷикистон ба аҳаммияти идомаи ҳамкории давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар масоили муҳими глобалӣ, аз ҷумла захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор таъкид кард.
Ҳотам Қурбонзода бо ишора ба нақши созандаи Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим аз муҳимияти платформаи «Раванди оби Душанбе» ва пайгирии Конфронси оби СММ-2023 ёдовар шуд.
Инчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкориро бо кишварҳои аъзои гурӯҳ барои амалӣ намудани натиҷаҳои конфронс ва пешбурди Ҳадафҳои рушди 6 ва дигар ҳадафҳои марбут ба об идома медиҳад.
Дар фарҷоми чорабинӣ оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ёдрас шуда, кишварҳои аъзоро ба иштирок дар ин маъракаи муҳими байналмилалӣ даъват намуд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид






