НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 аз 31 августи соли 2023» дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи ин қатънома таҳия гардид. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.
Инчунин тибқи ин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва ЮНЕСКО Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ҳамчун аъзо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он дохил мебошад.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024 «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар доираи он Форуми пиряхҳо, 3 чорабинии канорӣ, намоишгоҳ ва вохӯриҳои роҳбарияти кумита бо роҳбарони ҳайатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






