НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд
ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани ҳолати заминҳо панҷ барномаи давлатии соҳавӣ амалӣ мегардад. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода.
Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар айни замон «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028» бо арзиши умумии 2 миллиарду 241 миллион сомонӣ мавриди амал қарор доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар доираи ин барномаҳо 99 фоизи нақшаи корҳои мелиоративӣ ба анҷом расида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 10 107 гектар замин беҳтар карда шуд ва бо иқтидори 2711 гектар заминҳои нав азхуд карда шуданд. Инчунин барои 8 пойгоҳи обкашии минтақаҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон ба маблағи умумии 67 миллиону 890 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ харида шуд.
Зафарбек Давлатзода иброз намуд, ки барои дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад, ки ба таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона шудаанд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 нақша дорад, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар таъмин намудани заминҳои обёришаванда бо об, азхудкунии 3254 гектар замини нав, барқарорсозии 1400 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар намудани ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои корами обӣ дар майдони 15 632 гектар, харидани таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 315 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, маблағгузории чорабиниҳои «Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ» ба андозаи 118 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 37 642 метрро анҷом диҳад.
Инчунин дар назар аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ» таҳия гардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад






