НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ дорад

Январь 30, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аллакай бо 4 донишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ амалӣ мегардад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.

«Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсил- ин омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ барои гузаронидани машғулият ва семинару ҳамоиш дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Дар робита ба баланд бардоштани таҷрибаи устодон аллакай табодули онҳо бо 4 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи мамлакат оғоз гардид»,-изҳор намуд ректори донишгоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2024 бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Руминия, Испания, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар донишгоҳҳо дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ табодули академӣ намуд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2024 бо истифода аз имконоти мавҷуда ва дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва забономӯзии омӯзгорону донишҷӯён ба тариқи «Таҳсили онлайнӣ» 7 даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад