ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд

Январь 3, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 03.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар  шаҳри  Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии Ҷоми Осиё-2025  байни  дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17- сола оид ба футбол баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Конфедератсияи футболи Осиё тартиб ва таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025  байни  дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-соларо эълон кард.

Дастаи  мунтахаби  наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар баробари дастаҳои мунтахаби наврасони  Австралия, Яман ва Узбекистон вориди сабади дуюм шуд. Ҳангоми тақсимоти дастаҳои  мунтахаб  ба сабадҳо КФО натиҷаҳои се Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби  наврасон (Ҳиндустон, 2016; Малайзия, 2018 ва Тайиланд, 2023)-ро ба назар гирифтааст.

Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар  баргузор мегардад, роҳхат пайдо мекунанд.

Таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025  байни дастаҳои  мунтахаби  наврасони  то  17-сола:

Сабади 1: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон;

Сабади 2: Австралия, Яман, Узбекистон, ТОҶИКИСТОН;

Сабади 3: Тайиланд, Ветнам, Уммон; Афғонистон;

Сабади 4: Чин, Индонезия, Кореяи Шимолӣ, АМА

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 3, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид