Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад

Январь 3, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 03.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз карда шавад.

Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Ҳамин аст, ки соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои онро Президенти Тоҷикистон қадами баробар гузоштан бо ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон ном бурдаанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳанд. Бояд дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат кӯшиш намоем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисӣ дар мамлакат ба дараҷаи баландтар бардошта шавад.

Дарвоқеъ, бо тақозои замон имрӯз ҳар фарди бедордил бояд барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва барои баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисию русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»