САДА-ҶАШНИ БЕДОРӢ ВА ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Он барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ нақши босазо дорад

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сада дар қатори дигар ҷашнҳои ниёгонамон, ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамеша инъикоскунандаи анъанаҳои ориёитаборон буда, дар онҳо расму оини қадимаи гузаштагонамон баён гардидааст, ки барои нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва дигар анъанаҳои суннатии мо дар ҳаёт нақши босазо доранд.
Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2017 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳори андеша намуда буданд, ки «суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада давоми таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат намудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Воқеан ҳам ҳамин тавр шуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ҷашнҳои суннатӣ, балки пешниҳод ва 5 ташаббуси бузурги Президенти Тоҷикистонро ҳамчун дастури роҳнамо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид барои мардуми ҷаҳон қабул ва баррасӣ намуданд, ки ин ифтихору саодатмандии миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки Сада иде аст, ки дар муқобили сардиҳои зимистон хеле гарму гуворо буда, дар лаҳзаҳои сояторики зиндагӣ меҳри хоссае дар замири инсон пайдо мекунад.
Нахустин бор ин ҷашнро дар замони соҳибистиқлолӣ 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ дар Тоҷикистон таҷлил намуданд. Аслан, мафҳуми «сада» вожаи тоҷикӣ-форсӣ буда, маънояшро аз шумораи «100» мегирад ва ин ҷашн пас аз 100 рӯзи ҷамъоварии ҳосил ва панҷоҳ рӯз то оғози расидан ба ҷашни Наврӯз ид карда мешавад, ки онро 50 шабу 50 рӯз ҳисоб намуда, Сада мегӯянд. Аз ин бармеояд, ки ба ҷашнҳои Сада ва Наврӯз бо намуди гӯштини тоҷикӣ низ пайванди ногусастанӣ доранд. Зеро дар бисёр миндақаҳои ҷумҳуриамон тайёрӣ ба майдондорӣ аз Сада оғоз меёбад.
Дар бораи Сада ва таърихи пайдоиши он аз қадимулайём то ҳанӯз ривоятҳои гуногуни таърихӣ, ҳикояву хотираҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳатто аксари мардум ба онҳо боварӣ доранд. Махсусан, афсонаи пайдо шудани море дар пеши роҳи шоҳи сулолаи Пешдодиён -Ҳушанг паҳлавон ва ҳаво додани санге ба сӯи он ва пайдо шудани оташу гармию рушноӣ чандин асрҳо боз аз забони ровиёну мардуми одӣ ҳамчун ҳақиқати ҳол шунида мешаванд.
Шояд ин ҳама ривояте бошад, ки дар тафаккури мардуми мо мақому мартаба пайдо намудааст, ки ташбеҳу асосноккуниҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳатто аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ сар карда, то «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихию фарҳангиамон баҳсу мунозира ва андешаҳои зиёде дар бораи ҷашни Сада баррасӣ гардидаанд. Аммо ба андешаи мо, чунин ривоятҳо шояд фарзияе бошанд, ки ба заминаи пайдоиши Сада пойдевори бузург гузошта, дар мантиқи дарки он моҳияти асосии ин ҷашнро падид оранд. Яъне, ин арҷгузорӣ ба оташи пок, гармӣ ва рӯшноӣ мебошад, ки ба поён расидани чилаи зимистон ва омад-омади баҳори навро далолат менамояд. Дар ин давраи гузариш тайёрӣ ба кишту кори деҳқонӣ, тозаю озода намудани замину хонадон ва корҳои хоҷагӣ сар мешаванд. Дар ин ҷашн аз ҳама бештар оҳангарону чӯянгарон, афзоргарону устоҳои дуредгар серкортар мегарданд. Зеро онҳо барои поксозию рӯбу чини атроф олоту анҷоми гуногун тайёр менамоянд.
Аҷибаш ин аст, ки бузурге онро чунин тасвир намудааст: «Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашни ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст». Дарвоқеъ, он ба ягон дину мазҳаб вобастагӣ надошта, мардумро ба тозагӣ, эҳёи гармии қалбу бартарии рушноӣ бар торикӣ даъват менамояд. Фарорасии ин ҷашнро бештар деҳқонону паҳлавонон интизорӣ мекашанд.
Дар баробари ин, ҷашни Садаро оғози рӯйдодҳои нави зиндагӣ дониста, аз замони шоҳ Ҳушанги паҳлавон мардум дар қатори дигар эҳёгариҳои зиндагӣ рӯзҳои нави майдондорию паҳлавониро оғоз менамуданд. Албатта, дар гузашта ҷашну хурсандиҳои мардумию сайрҳои баҳорӣ ба ҷашнҳои Сада ва Наврӯз рост меомаданд, ки маъмулан онро дар майдонҳои васеъ бо иштироки паҳлавонони бисёр баргузор менамуданд. Ин суннати зебо имрӯз ҳам идома дорад. Мусобиқаҳо бо тарзу усулҳои анъанавӣ баргузор мешаванд. Масалан, дар навоҳии ҷануби ҷумҳурӣ, дар Кӯлобу Қаротегину Дарвоз паҳлавонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гирди майдонро як бор мегаштанду ба ҷойҳои худ рафта менишастанд. Бо ин амал онҳо иштироки худро дар мусобиқа маълум месохтанд, ки ин аз давраи Сада сар мешуд.
Мавриди таъкид аст, ки гӯштини тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ҷашни Сада ва Наврӯз ба онҳо шукуҳу шаҳомати дигар мебахшад. Гӯштингирӣ ягона намуди варзиши паҳлавонӣ ва ё анъанае мебошад, ки мардум ба хотири баргузории он ин ҷашнҳоро бесаброна интизорӣ мекашанд.
Нақши ин ҷашни бузург дар бедории паҳлавонон ва аз нав эҳё намудани анъанаҳои ниёгон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз замонҳои қадим ҷашни Садаро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифт.
Сада дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷашнҳои бузурге мебошад, ки имконияти бартарӣ доштани некӣ ба бадӣ ва рӯшноӣ бар торикиро талқин намуда, баракати нави зиндагиро эҳё менамояд.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобстаи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»