Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд

Январь 28, 2025 08:42

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 7584  сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 январи соли равон доир гардид, хабар доданд.

Дар нишасти матбуотӣ  ҳамчунин  иттилоъ  дода шуд, ки  фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ (якҷоя бо фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва хона музейҳо) 316 326 адад нигораҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангиро ташкил медиҳад.  Аз ин шумора 173 396  адад нигораҳо дар Осорхонаҳои таърихӣ —кишвар шиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.

«Соли 2024  осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 286 сайри осорхонавиро бо фарогирии 134 584 нафар тамошобин, аз ҷумла 7584 сайёҳи хориҷӣ доир намуда, дар  ин зимн, дар самти фаъолияти илмӣ 59 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, 5 конфронс ва 24  мизи муддавар  баргузор карда шуданд», — иброз гардид дар нишаст.

Январь 28, 2025 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт