Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар». Соли 2024 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар 3239 гектар иҷро гардид. Чунин иброз намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал Давлаталӣ Шарифзода.
Аз ҷумла, дар 1067,2 гектар ҷангал бунёд шуда, дар 1860,4 гектар ҷангал барқарор гардид. Бунёди плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон 311,6 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин корҳои мусоидат ба худбарқароршавии ҷангал дар зиёда аз 3300 гектар ва пурракунии зичии ниҳолҳо дар 620,7 гектар гузаронида шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмин намудани сабзиши ниҳолҳои шинонида ва тухмиҳои киштшуда дар 13223 гектар корҳои нигоҳубини ҷангал, аз қабили нарм кардани бехи ниҳолҳо, обмонӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуда, дар ин давра зиёда аз 180 гектар ба гурӯҳи заминҳои ҷангалпӯш гузаронида шуданд.
Натиҷаи баҳисобгирии тирамоҳии сабзиши ниҳолҳо дар майдонҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал дар сатҳи Агентӣ ҷамъбаст гардида, соли 2024 ба ҳисоби миёна 70 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 8,1 фоиз зиёд мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






